RUVIDEO
Поделитесь видео 🙏

Ахбори Точикистон Имруз - 21.09.2021 | novosti tajikistana

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои дуошёнаи Ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳро дар ноҳияи Рашт ифтитоҳ намуданд

21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рашт дар қароргоҳи яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави дуошёнаи ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳро ифтитоҳ карданд.

Созандагиву бунёдкорӣ ва дар ин замина таъмини хизматчиёни ҳарбии Артиши миллӣ бо шароитҳои хуби ҳозиразамони хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ доимо дар мадди назари Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин замина пайваста корҳои судманду назаррас амалӣ карда мешаванд.

Бинои дуошёнаи Ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳи кушоду барҳавои муосир дар масоҳати умумии 890 метри мураббаъ дар рӯзҳои таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи корҳои созандагӣ дар ҳудуди қисми низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардории ҳайати шахсии он қарор дода шуд.

Иншооти Ситоди қисми ҳарбӣ дар масоҳатӣ 320 метри мураббаъ сохта шуда, дохили он аз нуқтаи навбатдори фаврӣ, системаи алоқаи муосир, толори маҷлис, нуқтаи идоракунӣ, ҳуҷраи кории афсарону ҳайати шахсӣ ва аз дигар ҳуҷраҳои гуногуни кориву хизматӣ иборат мебошад.

Хобгоҳи кушоду барҳавои замонавӣ бошад, бо 260 ҷойи хоб барои сарбозон пешбини гардида, он дар масоҳати 570 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми хобгоҳ ба ғайр аз ҳуҷраҳои калони хоби сарбозон, инчунин хонаи хизмативу маишӣ, синфхонаҳои дарсӣ, ҷойи дастурушӯӣ, амбор ва дигар ҳуҷраҳои махсуси хизматӣ ҷойгир карда шудааст.

Барои назорати доимии дохилу атрофи бинову иншоот ва ҳудуди қисми ҳарбӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб гардида, бинои мазкур бо системаи гармдиҳӣ таъмин мебошад.

Дар доираи анҷоми корҳои ободонӣ ҳудуди бинову иншооти қисми низомии мазкур бо роҳравҳои бетонӣ, суҳбаткада барои ҳайати шахсӣ, гулу буттаҳо ва бо дигар растаниҳои ороишӣ зиннат ёфтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дохил ва ҳудуди қисми низомӣ ва бинову иншооти навбунёд дидан карда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонии он баҳои баланд доданд.

Ба масъулини қисми ҳарбӣ ва ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт супориш дода шуд, ки барои тарбияи дуруст ва таъмини маводи зарурии хурок ва сару либос таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ, бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди тамоми гарнизони мамлакат бисёре аз қисмҳои низомӣ азнавсозӣ, таъмиру тармим гардида, садҳо иншооти муҳим ва аҳамияти ҳарбидошта, аз нав бунёд карда шудааст.

Дар ин замина барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳо манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмуриву ситоди қисмҳои низомӣ, хобгоҳи сарбозӣ, ошхона, иншооти ёрирасони маишӣ, истгоҳи нигоҳдории техникаҳои ҷангиву автомобилӣ, шаҳрчаҳои муҷаҳҳази тактикиву тирандозӣ, толору майдончаҳои ҳозиразамони варзишӣ ва дигар шароити муосир барои гузаронидани машғулиятҳои гуногун ва истироҳату фароғати хизматчиёни ҳарбӣ, бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст.

Бунёди ду иншооти наву муосир идомаи мантиқии сиёсати неку инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фарзандони шаҳрвандони мамлакат мебошад.

——————————————————————
ахбори точикистон имруз,
Сархатти рӯйдодҳои 20 уми августи соли 2021
Сархатти рӯйдодҳои 15 уми августи соли 2021
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (19.08.2021)اخبار تاجیکستان .
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (18.08.2021)اخبار تاجیکستان .
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (10.08.2021)اخبار تاجیکستان .
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (26.08.2021)اخبار تاجیکستان .
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (17.08.2021)اخبار تاجیکستان .
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (10.08.2021)اخبار تاجیکستان .
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (14.08.2021)اخبار تاجیکستان .
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (03.08.2021)اخبار تاجیکستان .
Ахбори Озодӣ аз 5-уми январи соли 2021 (Пахши зинда)
Ахбори Озодӣ аз 22-уми декабри соли 2020 (Пахши зинда)
Ахбори Озодӣ аз 25-уми декабри соли 2020 (Пахши зинда)
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (21.1.2021)اخبار تاجیکستان
Ахбори Озодӣ аз 8-уми декабри соли 2020 (Пахши зинда)
озоди видео имруз,
озоди радио 2021,
озоди ахбори 2021,
ахбори озоди,
ахбори точикистон имруз,
ахбори вкд 2021,
ахбори озоди 2021,
——————————————————————
ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:
★ Telegram: https://t.me/AkhboriTojikiston

★ WebSite: https://www.tvt.tj
#Tajikistan #Dushanbe #AkhboriTojikistonне

Что делает видео по-настоящему запоминающимся? Наверное, та самая атмосфера, которая заставляет забыть о времени. Когда вы заходите на RUVIDEO, чтобы посмотреть онлайн «Ахбори Точикистон Имруз - 21.09.2021 | novosti tajikistana», вы рассчитываете на нечто большее, чем просто загрузку плеера. И мы это понимаем. Контент такого уровня заслуживает того, чтобы его смотрели в HD 1080, без дрожания картинки и бесконечного буферизации.

Честно говоря, Rutube сегодня — это кладезь уникальных находок, которые часто теряются в общем шуме. Мы же вытаскиваем на поверхность самое интересное. Будь то динамичный экшн, глубокий разбор темы от любимого автора или просто уютное видео для настроения — всё это доступно здесь бесплатно и без лишних формальностей. Никаких «заполните анкету, чтобы продолжить». Только вы, ваш экран и качественный поток.

Если вас зацепило это видео, не забудьте взглянуть на похожие материалы в блоке справа. Мы откалибровали наши алгоритмы так, чтобы они подбирали контент не просто «по тегам», а по настроению и смыслу. Ведь в конечном итоге, онлайн-кинотеатр — это не склад файлов, а место, где каждый вечер можно найти свою историю. Приятного вам отдыха на RUVIDEO!

Видео взято из открытых источников Rutube. Если вы правообладатель, обратитесь к первоисточнику.